The Weather Channel ҳамчун таҳвилгари хизматрасониҳои обу ҳаво
Салом! The Weather Channel соҳиби вебсайти weather.com, барномаи мобилии The Weather Channel ва дигар барномаҳои ба обу ҳаво алоқаманд аст ва онҳоро нашр мекунад. Бо вуҷуди ин, баъзан The Weather Channel маълумоти обу ҳавои моро ба ширкатҳои дигаре пешниҳод мекунад, ки маълумоти обу ҳаворо ба шумо дар вебсайтҳо, барномаҳои мобилӣ ва барномаҳои дигари худ пешниҳод мекунанд. Ин саҳифа тавзеҳ медиҳад, ки The Weather Channel маълумоти шуморо дар ин ҳолатҳои мушаххас чӣ гуна истифода мебарад. Дар робита бо ҳамаи саволҳои дигар дар бораи ҷамъоварии маълумоти шахсӣ, истифода ва/ё мубодила аз ҷониби вебсайт, барномаи мобилӣ ё дигар барномаи ширкати дигар, лутфан сиёсати махфияти ҳамон ширкатро аз назар гузаронед.
Системаҳои паҳнкунии маълумоти The Weather Channel метавонад маълумоти обу ҳаворо барои як макони дилхоҳ ба таври худкор пешниҳод намояд, агар маконҳои дилхоҳ дар якчанд формати шинохташаванда ба мо пешниҳод карда шаванд, ба монанди рамзҳои почта, номҳои шаҳрҳо ё рамзҳои ҷуғрофӣ (арз/тӯл). Маълумоти макон метавонад ба таври худкор ба мо тавассути барномаҳое, ки шумо истифода мебаред пешниҳод карда шавад ё шумо метавонед вобаста ба он, ки ширкати дигар вебсайт ё барномаи худро чӣ тавр тарҳрезӣ кардааст, тариқи ҷустуҷӯ маконеро чоп карда, интихоб намоед. Дар ҳар ҳол, The Weather Channel маълумоти маконро танҳо барои мақсади пешниҳоди маълумоти обу ҳаво барои ҳамон макони шумо истифода мебарад. (Лутфан таваҷҷуҳ намоед, ки ин маънои онро надорад, ки вебсайт ё барномаи ширкати дигар маълумоти макони шуморо барои дигар мақсадҳо истифода намебарад, аз ин рӯ, барои гирифтани маълумоти бештар ба сиёсати махфияти ширкати дигар муроҷиат кунед.) Агар лозим шавад, системаи омил (СО), браузер ё барномаи мобилие, ки шумо онро истифода бурда истодаед, метавонад ҷиҳати истифодаи маълумоти макони шумо иҷозат пурсад ё ба шумо огоҳиеро намоиш диҳад, ки маълумоти макони шумо истифода шуда истодааст. Оё ин рух медиҳад ё не аз СО, браузер ё барномае, ки шумо онро истифода бурда истодаед ва оё шумо қаблан иҷозат додаед ё огоҳиро қаблан дидаед, вобаста аст. Лутфан таваҷҷуҳ намоед, ки азбаски The Weather Channel соҳиби СО, браузер ё барномае нест, ки шумо онро истифода бруда истодаед, идора намекунад ё нигоҳ намедорад, мо огоҳӣ гирифтани шуморо ва кай гирифтани онро назорат карда ё ҷиҳати истифодаи макони шумо иҷозат дархост карда наметавонем.
Мисли он, ки одамон бе суроғаи почта ба якдигар мактуб фиристода наметавонанд, дастгоҳҳо бидуни суроғаҳои IP дар интернет муошират карда наметавонанд. Бинобар ин, вебсайт ё барномаи ширкати дигар суроғаи IP-ро истифода мебарад, то ки мо ба дастгоҳи шумо маълумоти обу ҳаво пешниҳод карда тавонем. Ширкати дигар метавонад бо The Weather Channel бо истифодаи суроғаи IP, ки ба дастгоҳи шумо дар он вақт таъйин карда шудааст ё суроғаи IP барои системаҳои дохилии онҳо иртибот дошта бошад. Дар ҳар ҳол, The Weather Channel суроғаи IP-ро танҳо барои мақсади пешниҳоди маълумоти обу ҳаво ба шумо истифода мебарад.
Шумо метавонед тааҷҷуб кунед, ки «Кай Сиёсати махфитяи The Weather Channel нисбати ман татбиқ карда мешавда?» Сиёсати махфитяи The Weather Channel танҳо дар сурати гузаштани корбар ба сайт, барномаи мобилӣ ё дигар барномае, ки аз ҷониби The Weather Channel нашр карда шудааст ва ба он тааллуқ дорад, татбиқ карда мешавад.